Тимсоли беҳамтову ҷовидона

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерȳбахши рȳҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ин хотир аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ȳро ситоиш мекунанд ва дар наздаш сари таъзим фуруд меоранд.

Ҷамъомади тантанавӣ, ки рȳзи 6-уми марти соли ҷорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ баргузор гардид, ба Рȳзи модар бахшида шуда буд, ки дар он устодон, донишҷȳён, кормандон ва собиқадорон иштирок намуданд. Меҳри модар, бузургии модар, дарёдиливу баҳимматӣ ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои  шабонарȳзии ȳ нахуст дар сухани фтитоҳии роҳбари донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир  таҷассуми худро ёфтанд.

Сипас мудири кафедраи молия ва қарз Ҷȳраев Ш.Ҷ. дар мавзȳи Зан - модар, ки воқеан ҳам олиҳаи ҳусну зиндагист, маърȳзаи пурмазмун намуд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ низ, ки аз ҷониби устодону донишҷȳёни факултети умури бонкӣ омода карда шуда буд, хело хотирмон гузашт. Суруду таронаҳои дар васфи модар, баҳор, ватан инчунин рақсҳои ҷазобу дилнишине, ки аз ҷониби донишҷȳёни факултети зикршуда дар сатҳи баланд иҷро карда шуданд, дилҳоро лабрези шодиву фараҳ гардонид.

Дар хотимаи ҷамъомад Раёсати донишгоҳ собиқадорон, занону донишҷȳдухтарони фаъоли донишгоҳро бо  ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top