Сарвари нави донишгоҳ

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017 д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  таъйин гардид.

Ба ин муносибат нимаи дуюми ҳамон рӯз ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Нуриддиновичро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва мушовири Президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Шарифҷон Ҳакимзода бо ҳайати устодону кормандон ва профессорони донишгоҳ муаррифӣ намуданд.

Нахуст Нуриддин Саид аҳли толорро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфта, барояшон осмони софи беғубор, дастархони  пурфайзу бобаркат ва дар корҳои таълиму тарбия, бахусус тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир барору  комёбиҳо таманно кард. Нуриддин Саид саҳми Ҳамидуллохон Нуриддиновичро бахусус дар вазифаи Сардори  раёсати  маорифи  шаҳри Душанбе фаъолият карданаш назаррас арзёбӣ карда иброз дошт, ки дар якҷоягӣ бо коллективи меҳнатии донишгоҳ   ва такя ба иқтидори зеҳнии донишгоҳ фаъолияти муваффақона менамояд.

 

Баъдан Шарифҷон Ҳакимзода қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъйин намудани Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  қироат намуд.

Бо дарназардошти дар самти тайёр кардани мутахассисони баландпоя ва кадрҳое, ки тавонанд дар оянда кишвари соҳибистиқлоли моро аз ҳар ҷиҳат пеш баранд, аз ҳайати устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ ҳисси масъулиятшиносии баланд талаб карда мешавад ва мо боварии комил дорем, ки  аҳли илму меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  аз иҷрои ин вазифаҳо бо сарбаландӣ мебароянд, гуфт Ҳакимзода Шарифҷон.

Дар навбати худ ректори собиқи донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, ки ба вазифи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъйин гардидааст, баромад намуда, ба коллективи меҳнатии донишгоҳ, ки тȳли чанд сол якҷоя заҳмат кашида, дастовардҳои назаррасро соҳиб гардиданд, изҳори сипос намуд.

Сипас, ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. баромад карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бовариашон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ба коллективи меҳнатӣ такя намуда, тамоми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо масъулияти баланд иҷро хоҳем кард.

Профессори донишгоҳ, ноиби ректор оид ба илм Раҷабов Раҷаб Кучакович баромад карда, ба ин вазифаи масъулиятнок воқеан ҳам арзанда будани профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддиновичро таъкид кард. Ȳ афзуд, ки аҳли илму заҳмати донишгоҳ бо роҳбари Фақеров Х.Н. тамоми кȳшишу ғайрати хешро баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос равона хоҳанд кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top