Рȳзи дарҳои кушод дар донишгоҳ

Хатмкунандагонро  кормандони масъули донишгоҳ  истиқбол гирифта,  онҳоро бо фаъолияти факултаҳо, маркази таълимии забонҳои хориҷӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, маркази тестӣ, озмоишгоҳу кафедраҳо, китобхонаи донишгоҳ ва бонки таълимӣ инчунин шароитҳои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро шинос намуданд.

Дар толори асосӣ вохȳрии ректори донишгоҳ профессор Шарифзода М.М., намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бȳриев С.Н., инчунин муовини директории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов М.Н. бо довталабон доир гардид.

Ҳамин тавр давоми рȳз беш аз 800 нафар довталабони оянда ҳозир гардида,  тақрибан 200 нафари онҳо дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни хатмкунандагони болаёқат зери унвони «Довталаб-2017» ширкат варзиданд. Озмун тариқи қабули имтиҳонҳои тестӣ аз фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик,  забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ гузаронида шуда, саволномаҳои тестӣ тибқи талаботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда буданд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои арзишнок, ба монанди ноутбук, планшет ва дигар туҳфаҳои рамзии донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз рȳи ҷамъбасти холҳои бадастовардашуда Мадинаи Саидаҳмад хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 сазоворӣ ҷойи аввал ва соҳиби ноутбук, Саиддалиён Сино хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 соҳиби планшет ва 20 нафари дигар бо туҳфаҳои рамзии донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

  Декани факултети  тиҷорат ва гумркук

 н.и.ф., дотсент

Салимов Назарали Сафарович

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top