Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ моҳи январи соли 2021 дар заминаи шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсис ёфта, мақсаду муҳтавои фаъолияти он аз таҳияю тасвиби шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, табодули  омӯзгорону донишҷӯён, адабиёти таълимию методӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, ташкилу баргузор намудани конференсияву семинарҳои муштарак, созмон додани вохӯрию мизҳои мудаввар  бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъмини раводиди омӯзгорону донишҷӯёни хориҷӣ ва робита бо донишҷӯёни хориҷие, ки  дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳсил менамоянд, иборат аст.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати  маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи  донишгоҳ, супоришҳои раёсати илм ва инноватсия, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ба шумор рафта, ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантон имконият ба вуҷуд меоварад, ки дар хориҷа бо роҳи иштирок намудан дар барномаҳои кӯтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ таҳсилро идома диҳанд ва ё таҷрибаи илмӣ ба даст оваранд.

Ҳадафи амалӣ намудани барномаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни миллату фарҳангҳои гуногун, тарбияи насли ҷавону ояндасози омодабуда  ба ҳаёт ва кору фаъолият дар ҷомеаи байналмилалии муосир мебошад.

Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар мувофиқа бо созишномаҳаи байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва макотиби олии ҳамкор амалӣ карда мешавад.

Мутахассисони шуъба дар доираи вазифаҳои зерин фаъолият менамоянд:

-ҷалби олимону мутахассисони шинохтаи хориҷӣ;

-татбиқи барномаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон (иттилоотонӣ, интихоби номзадҳо ва мусоидат намудан дар таҳияи ҳуҷҷатҳо);

-омода намудани пойгоҳи иттилоотӣ оид ба стипендияҳо ва бурсияҳои дастгирии табодули донишҷӯён ва омӯзгорон;

-машварат бо донишҷӯён ва омӯзогорони донишгоҳ доир ба масъалаҳои иштирок намудан  дар барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани бурсияҳо.

Аз моҳи январи соли 2021  вазифаи мудири шуъбаро муаллими калон Мубин доктори PhD Абдувалиев ба уҳда дорад.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

-Муҳаммадалӣ Эшов, мутахассис оид ба татбиқи лоиҳаҳо;

-Нурмуҳаммад Абдуллозода, мутахассис оид ба табодули академӣ;

-Шаҳло Мирзоева, мутахассис оид ба донишҷӯёни хориҷӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top