Шуъбаи фарҳанг ва осорхона

Шуъбаи фарҳанг моҳи январи соли 2021 бо мақсади эҳтироми фарҳанги миллӣ, таъмини рушди самараноки фарҳанг ва санъат, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои ҳаваскорони эҷодӣ, эҳё кардани расму ойинҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба рушд ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни миллатҳо, ҷалби донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар барномаҳои фарҳангии сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳриву ҷумҳуриявӣ инчунин, ҳифзи таърихи рушди донишгоҳ, омода ва ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои донишгоҳ, ташаккули ифтихори миллии донишҷӯёну кормандони донишгоҳ, ҳифзу муносибати дилсӯзона ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ,  дар асоси талаботи  стандартҳои давлатӣ таъсис дода шудааст.

Шуъба фаъолияти худро бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, дастуру супоришҳои раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, фармоишҳои ректори донишгоҳ, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати корҳои тарбиявӣ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Аз моҳи сентябри соли 2021 муаллими калон Ҷамила Ғафурова дар вазифаи мудири шуъбаи фаъолият дорад.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

Наҳтулло Раҳимов, мудири клуб;

Саидмуъмин Саидов, мутахассис.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top