Барфи нав ва ҷашни Сада

Дирӯз дар шаҳри зебои мо-шаҳри Душанбе барф борид ва ин барфи деринтизор бо қудуми мубораку бофайзи худ ҳама ҷоро зебою дилрабо ва сап-сафед гардонид.

Барф намоди некию озодагӣ ва сапедию рӯшноист. Гӯё фасли зимистон бо ин барфи булӯрини поку мусаффо пойандози сафеди худро ба шарафи ҷашни бузурги миллии мо-ҷашни Сада густуронидааст.

Ҳар сол 30-юми январ дар кишвари мо ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад ва аз ин ҷашни бузурги миллӣ то ба Наврӯзи олам 50 рӯзу 50 шаби дигар мемонад.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Бигузор ҷашни Сада ва барфи нав ба хонадони ҳар яки Шумо покию озодагӣ ва гармию рӯшноӣ оварад.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top