Сайри Қалъаи бостонии Ҳисор

Соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари биҳиштосои мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд, ки аз ҷониби кулли ҷомеаи бофарҳангу маърифатпарвари мо ва, ба вежа, аз тарафи омӯзгорону кормандони ДДТТ бо хушнудӣ истиқбол ёфт.

Бино бар ин, ҳайати омӯузгорони кафедраи забонҳо иборат аз 20 нафар дар таърихи 26-уми январи соли 2018 ба мавзеи таърихию кишваршиносии Қалъаи бостонии Ҳисор сайру сафар карданд ва аз ҷойҳои таърихию осори қадимаи ин мавзеи бошукӯҳ дидан намуданд.

Омӯзгорони кафедраи забонҳо ба раёсати донишгоҳ барои ёрию дастгирӣ ҷиҳати сайру сайёҳати Қалъаи бостонии Ҳисор изҳори сипос менамоянд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top