Семинари омӯзишӣ

26-уми январи соли 2018 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Усулҳои гузаронидани машғулияҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО» бо омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ и.в. ректори донишгоҳ, дотсент Толибов Қ.Қ. оғоз намуда, аз хусуси муҳимияту фоиданокии он ибрози андеша намуданд.

Сипас, декани факултети МИБ ва ҳуқуқ, дотсент Салимов Н.С. дар мавзӯи «Усулҳои гузаронидани лексия ва машғулиятҳои амалӣ», мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Ҳусейнов Б.А. оид ба мавзӯи зикргардида маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмун ироа намуда, тарзу усул ва роҳҳои самараноки гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО-ро гуфта гузоштанд.

Дар хотимаи семинар маърӯзачиён ба саволҳои додаи аҳли толор ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки гузаронидани чунин семинарҳои омӯзишӣ муфид буда, барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия, алалхусус таҷрибаи кофӣ ҳосил кардани омӯзгорони ҷавон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top