Нишасти матбуотӣ

Дар нишасти матбуотие, ки 25-уми январи соли 2018 дар толори донишгоҳ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар доир гардид, и.в. ректори донишгоҳ, дотсент Қ. Толибов ва журналистон дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2017 ба таври муфассал гузориш дод.

Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки ҳайати устодону профессорони донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, афзун намудани дастовардҳои илмӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Дар ин давра мувофиқи хулоса ва пешниҳодҳои Комиссияи аттестатсионӣ Раёсати донишгоҳ тағйироти сохторӣ ва ротатсияи кадрҳоро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла раёсати таълим,  раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим ва шуъбаи робита бо ҷомеа таъсис дода шуда, роҳбарони сохторҳое, ки дар як вазифа зиёда аз панҷ сол фаъолият намуданд, ротатсия карда шуданд.

Қайд гардид, ки донишгоҳ тибқи рейтинге, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи  36 нишондод муайян кард, ҷойи 8-умро ишғол намуда, ба сафи даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид.

Қобилҷон Қосимович инчунин, дар бораи заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ, ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ, натиҷаи сессияи тобистонаи соли 2017, корҳои тарбиявӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, магистратура, аспирантура ва докторантура, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, фаъолияти хоҷагидорӣ ва корҳои ободонӣ, ки донишгоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст, ҳарф зада, дар сатҳи боз ҳам баланд ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва ба қатори мактабҳои олии панҷгонаи беҳтарини кишвар шомил гардидани донишгоҳро мақсаду мароми раёсат ва ҳайати устодону профессорони донишгоҳ арзёбї намуд.

Сипас ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма, ки фарогири паҳлуҳои гуногуни соҳаи таълиму тарбия буданд, Қ. Толибов, З. Қодирова, М. Ҳамидов, Л. Иззатов ва дигар мутасаддиёни сохторҳои донишгоҳ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Р. Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top