Семинари омӯзишӣ

Санаи 23-юми январи соли 2018 дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент бо иштироки и.в. ректор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. семинари омӯзишӣ оид ба истифодабарии журнали электронӣ ба воситаи барномаи автоматикунонишудаи ALFA-Xpress дар раванди таълим гузаронида шуд.

Ба нахуст и.в. ректор Толибов Қ.Қ. дар муқаддима ба як гурӯҳ омӯзгорони донишгоҳ, ки барои омӯзиши тарзи истифодаи журнали электронӣ тавассути барномаи ALFA-Xpress ба семинари омӯзишӣ фаро хонда шудаанд, муваффақию комёбӣ орзу кард.

Сипас, семинари омӯзишӣ ба саъю кӯшиши омӯзгорони масъул - Содиқов Д. ва Бӯриев Б. ба кори худ оғоз кард, ки дар он омӯзгорони кафедраҳои гуногуни донишгоҳ донишу малака ва андӯхтаҳои худро доир ба технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ афзун мегардонанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top