Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

16-уми январи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии устодону кормандони донишгоҳ ва дигар сокинони кӯчаҳои гирду атрофи он бо гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии и.в. ректори донишгоҳ, дотсент Толибов Қ.Қ. баргузор гардид.

Вохӯриро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода оғоз намуда, нуқтаҳои асосии Паёмро вобаста ба рушди соҳаи гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт шарҳ дода, зикр кард, ки таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои сокинони кишвар ва ғамхории зиёд нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст.

Шариф Раҳимзода, инчунин, дар хусуси нишондиҳандаҳои макроиқтисодии миллат ҳарф зада, таъкид намуд, ки бо дарназардошти вазъи молиявии бонкҳои тиҷоратӣ бояд сатҳи маърифати молиявии мардум баланд бардошта шавад.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода баромад карда, нисбати сифати молу маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Ӯ, инчунин, дар бораи вазьи сиёсии давлатҳои ҳамсоя оиди ба тартиб даровардани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ, проблемаҳои дохилии давлатӣ ва беруна, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, суханронӣ карда, онҳоро ба таври муфассал шарҳу эзоҳ дод.

Роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ, дотсент Қобил Толибов, ки Паёми Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо ва барномаи мукаммал барои рушду нумӯи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ маънидод кард, оид ба масъалаҳои муҳими дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ зикршуда, аз ҷумла оид ба сиёсату иқтисод, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва муқоисаи онҳо бо солҳои қаблӣ, рушди соҳаи маориф ва ҳадаф аз эълон гаштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфта, ба ҳозирин нуқтаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод ва иброз дошт, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар бояд Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар татбиқи амалии он саҳми назаррас гузорад.

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top