Ҷамъбасти соли сипаришуда ва вазифаҳо дар соли 2018

Дар маҷлиси умумии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки 9-уми январи соли 2018 бо иштироки устодону профессорон, кормандон ва ассистентони донишгоҳ баргузор гардид натиҷаҳои соли 2017 баррасӣ гардида, вазифаҳои коллектив барои соли 2018 муайян карда шуданд.

Дар маърȳзаи и.в. ректори донишгоҳ, дотсент Толибов Қ.Қ. тамоми самтҳои фаъолияти донишгоҳ ба тафсил таҳлили худро ёфтанд. Аз маърȳза маълум гардид, ки ҳайати устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ соли 2017-ро бо натиҷаҳои хуб ва дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин давра заминаи моддӣ – техникии донишгоҳ мустаҳкамтар гардида, шароити таълиму тарбия хубтар ва сатҳу сифати тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир боз ҳам беҳтар карда шуд.

 

Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар бобати таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун донишгоҳи пилотӣ эътироф гардидани донишгоҳ, дар рейтинги мактабҳои олии кишвар ҷойи 8 – умро ишғол намудани донишгоҳ (ҳоло он, ки соли 2016 ҷойи 11-умро ишғол мекард), дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ, саҳми арзанда гузоштан дар бобати ободонӣ ва кабудизор намудани ҳудуди донишгоҳу кȳчаҳои пойтахт далели комёбию муваффақиятҳои донишгоҳ дар Соли ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Комёбиҳои ба даст оварда, - гуфт дотсент Толибов Қ.Қ маънои онро надорад, ки мо хотирҷамъ шавем, баръакс ҳар яки моро зарур аст, ки дар кори таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани обрȳю эътибори донишгоҳ саҳми арзанда гузошта, дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алахусус, Паёми Пешвои миллат, ки воқеан ҳам барои тамоми мардуми кишвар Барномаи мукаммали фаъолият ҷиҳати боло бурдани тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад, инчунин дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикматлубот саҳми босазо гузоранд.

Дар ҷамъомад намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бȳриев суханронӣ намуда, саҳми донишгоҳро дар рушди соҳаи маориф назаррас маънидод кард ва изҳори умеду боварӣ намуд, ки ҳайати устодону профессорон, кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ дар соли  2018 низ хубтару беҳтар кор карда, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил мегарданд ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст менамоянд.

Дар хотимаи ҷамъомад Н. Бȳриев ба раёсати донишгоҳ Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорида, ба аҳли коллективи донишгоҳ барору комёбиҳо таманно намуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top