Курси кȳтоҳмуддати омȳзиши «Тахтаи электронӣ»

Дар асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомȳзӣ, рушди касбият ва маркази ТИК омȳзгорону кормандони донишгоҳ аз 5 то 25-уми декабри соли 2017 курси кȳтоҳмуддати омȳзиши «Тахтаи электронӣ» аз ҷониби муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Қурбонов М.А. тибқи барномаи таълимии тасдиқнамудаи раёсати ДДТТ гузаронида шуд.

Баъд аз бомуваффақият супоридани санҷишу имтиҳон 20 нафар муаллимону кормандони кафедраҳои тахассусии донишгоҳ сазовори сертификати мутобиқат гардиданд.

Умед аст, ки донишҳои азхуднамудаи устодон ба сатҳи таълиму тарбия, зеҳнияти толибилмон таъсири мусбат хоҳад расонид.

Шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомȳзӣ,
рушди касбият ва маркази ТИК ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top