Конференсияи байналмилалии фосилавӣ

27-уми декабри соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии фосилавии илмӣ – амалӣ дар мавзȳи «Рушди бозори хизматрасонии молиявӣ дар Тоҷикистон ва Лаҳистон» доир гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ҳусни оғоз бахшид ва перомуни муҳимияти ҷанбаҳои иқтисодию молиявии рушди бозори хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша кард.

Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. дар мавзȳи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳуҷҷати тақдирсози миллат» суханронӣ намуд.

Пас аз ин, ба тариқи онлайн доктори илмҳои иқтисодӣ Бужко А. ва доктори илмҳои иқтисодӣ Конрад С. оид ба масоили рушди бозори хизматрасонӣ дар Лаҳистон ва ҷанбаҳои илмию амалии он маърȳзаҳои худро ба аҳли нишаст ироа карданд.

Ҳамчунин, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. дар мавзȳи «Низоми молиявӣ ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард.

Бахши дуюми конференсия аз музокираҳо иборат буд, ки дар он оиди рушди бозори хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикрҳои ҷолиб баён гаштанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top