Ҷовидон бод ҷавонӣ

Чунин буд номгузории фестивали донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон, ки санаи 19-уми декабри соли равон дар толори асосии донишгоҳ баргузор гардид.

Фестивал бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. оғоз ёфт. Ҳамидуллохон Нуриддинович нахуст меҳмонони даъватшуда: намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Диловар Қодиров, ректори Донишкадаи иқтисод ва молияи Тоҷикистон Давлатзода Қудратулло, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфияро хайрмақдам гуфта, аз хусуси чорабиниҳое, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар донишгоҳ ва берун аз он дар сатҳи баланд гузаронида шуданд, ёдовар шуд ва иброз дошт, ки Соли ҷавонон ҳарчанд ба итмом расида истода бошад ҳам, ҷавонӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи ҷавонон идома хоҳанд ёфт ва бори нангу номуси ватандорӣ минбаъд низ пеш аз ҳама ба дӯши ҷавонони саодатманди кишвар аст.

Намояндаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев ва ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Диловар Қодиров низ аз хусуси боварӣ ва эътимоди калон доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидани онҳо ҳарф зада, нақши онҳоро дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас арзёбӣ намуданд.

Сипас, ба ғолибони озмуни умумидонишгоҳии «Симои оянда», «Забондони беҳтарин», «Беҳтарин донандаи техника ва технологияи муосири таълимӣ», «Донишҷӯи сол – 2017» ва роҳхатгирандагони стипендияи Донишгоҳи Пизаи Итолиё ва дигар иштирокчиёни фаъоли озмунҳои умумидонишгоҳӣ, ки ба муносибати Соли ҷавонон гузаронида шуданд, мукофоти пулӣ, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ супорида шуданд.

Барномаи фарҳангии дар сатҳи баланд омодакардаи гурӯҳи «Тоҷири аҷам» - и донишгоҳ, ки аз савту суруд ва рақсҳои дилнишин  иборат буда, дунёи ҷавониро тараннум мекарданд, қисмати фарҳангии фестивалро ташкил дода, ба дилу дидаҳои иштирокчиён шодию фараҳ бахшиданд.

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top