Озмуни «Забондони беҳтарин»

12-уми декабри соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ даври ниҳоии озмуни умумидонишгоҳии «Забондони беҳтарин» бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – методӣ Толибов Қ.Қ., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Раҷабов Р.К., муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Қодирова З.Ҳ. ва дигар масъулини аъзои комиссия доир ба озмуни мазкур гузаронида шуд.

Дар ин озмун донишҷȳёне, ки қобилияти хуби забондонӣ (манзур забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ) доштанд, ширкат варзиданд ва донишу малакаи забондонии худро ба тариқи хаттӣ, тестӣ (пурсишномавӣ), шифоҳӣ озмуданд.

Баъд аз анҷоми ҷамъбасти озмун донишҷȳёни зерин сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:

Ҷойи 1-ум, Дилоева Мадина, донишҷȳи курси 4-ум, ихтисоси 250103;

ҷойи 2-юм Темурзода Шаҳноза, донишҷȳи курси 1-ум, ихтисоси 250104, ва Ваҳҳобзода Гулрухсор, донишҷȳи курси 3-юм, ихтисоси 250107;

ҷойи 3-юм ба Қараев Муҳаммадамин, донишҷȳи курси 2-юм, ихтисоси 250104.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top