Изҳороти раёсат ва ҳайати омȳзгорону донишҷȳёни ДДТТ

Раёсат ва ҳайати омȳзгорону донишҷȳёни ДДТТ афкору ақидаҳои нодурусту ғаразнок ва амалҳои душманонаи бадхоҳони давлату миллати тоҷик Муҳиддин Кабирию Шоҳнаими Карим ва дигар ҳамақидаҳояшонро комилан маҳкум менамоянд.

Миллати бофарҳанги тоҷик аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабақи дуруст бардоштааст ва дȳстро аз душман ба хубӣ ҷудо карда метованад. Аз ин рȳ, ба андешаҳои бебунёду амалҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ, Шоҳнаими Карим ва дигар бадхоҳон миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекунад.

Мо ҳукми Додгоҳи Олии Юнонро нисбати яке аз ҳамсафони Муҳиддин Кабирӣ – Шоҳнаими Карим ноодилона мешуморем, зеро Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои мушаххасу раднашаванда амалҳои бадхоҳонаи онҳоро исбот намуда, фаъолияти Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистонро, ки Муҳиддин Кабирӣ раиси он ва Шоҳнаими Карим узви фаъоли он буданд, мамнȳъ эълон карда буд.

Имрȳз мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан, ҷавонон, ки дар фазои сулҳу субот, муҳити ободу озод ба сȳи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои устувор мегузоранд, дигар ҳаргиз намемонанд, ки ин сарзамини муқаддас, ин марзу буми ниёгонро душманону ватанфурȳшон ба майдони бозиҳои сиёсии худ табдил диҳанд ва мақсаду ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд.

Рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, боло рафтани сатҳи зиндагии иҷтимоии мардум, эҳёи ҷашну ойинҳо ва худшиносию худогоҳии миллӣ ҳама гуна даъвою суханҳои иғвогаронаю муғризонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯро беасосу ботил мегардонад ва ин худ посухест муайяну мушаххас ба душманону бадкешони миллати фарзонаву фарҳангии тоҷик, ки ин ҳама комёбию созандагӣ ва бунёдкориҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нодида мегиранд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top