Ба шарафи Рȳзи кормандони соҳаи молия

Санаи 4-уми декабри соли 2017 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарз семинари илмӣ-амалӣ дар мавзȳи «Ислоҳоти молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир» ба шарафи таҷлили Рȳзи кормандони соҳаи молия доир гардид.

 

Семинари илмӣ-амалӣ бо пешсухан аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович оғоз ёфт ва баъд аз он, риштаи сухан ба сармутахассиси шуъбаи макроиқтисод ва омори Сарраёсати буҷаи давлатии Вазорати молия Назаров Абȳбакр дода шуд.

 

 Назаров А. дар маърȳзаи худ перомуни ислоҳоти молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи имрȳзаи молиявии кишвар, бонкҳои ҷумҳурӣ ва масоили гуногуни мубрами молиявӣ ибрози андеша кард ва ба пурсишҳои аҳли нишаст посух дод.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top