Семинари байналмилалии илмӣ

5-уми декабри соли 2017 дар толори диссертатсионии донишгоҳ семинари илмӣ дар мавзȳи «Байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ: таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ» бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., директори шубаи сиёсатшиносӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ аз Ассосиатсияи донишгоҳии Аврупо ҷаноби Майкл Гебел ва дигар намояндагони масъули ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ доир гардид.

Ба  нахуст ректор Фақеров Ҳ.Н. ҳузури меҳмонони гиромиро дар ин семинари илмӣ муҳиму зарурӣ арзёбӣ кард ва аз иштироки онҳо дар ин ҳамоиш изҳори хушнудӣ намуд.

Баъд аз он, ҷаноби Майкл Гебел бо мавзȳи «Байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ: ташкил кардани зарфият барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонии таҳсилот» суханронӣ намуд ва мавзȳи мазкурро ба хозирин муаррифӣ кард.

Иштирокчиёни семинар пасон ба се гурȳҳи корӣ ҷудо карда шуданд, ки ҳар як гурȳҳ мавзȳи вижаи худро доро буд.

Мавзȳи гурȳҳи 1-ум: «Таъмини сифатнокӣ ва байналмилалигардонӣ дар таҳсилоти олӣ».

Мавзȳи гурȳҳи 2-м: «Вазифаҳо ва шароит барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди зарфияти содиротии муассисаҳои таҳсилоти олӣ».

Мавзȳи гуруҳи 3-юм: «Рушди байналмилалигардонӣ дар хона».

Намояндагони гурȳҳҳои корӣ мавзȳъҳои худро ба аҳли нишаст пешниҳод карданд ва ҳамчунин, иштирокчиёни семинари илмӣ оид ба масъалаи «Иштироки муассисаҳои олии касбии Ҷумҳарии Тоҷикистон дар раванди байналмилалигардонӣ» изҳори андеша намуданд.

Дар марҳалаи поёнии семинари илмӣ ҷаноби Майкл Гебел мавзȳи «Сенарияи байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ барои муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро муаррифӣ кард, ки мавриди таҳлилу баррасӣ ва пурсишу андешаронии аҳли нишаст қарор гирифт.

Семинари илмӣ, ки бо ибтикори дафтари ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа созмон дода шуд, дар фазои илмию эҷодӣ, дȳстию рафоқат ва сатҳу сифати баланд баргузор гардид.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top