Мизи мудаввар дар кафедраи фаъолияти бонкӣ

1-уми декабри соли 2017 дар толори конфронсҳои донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзȳи «Вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020» бо иштироки раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода доир гардид ва дар он ҷаноби Раҳимзода оид ба сабабҳои пастравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва роҳу воситаҳои ташаккулёбии низоми молиявӣ ва қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.

Сипас, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Ҷȳрахон Бобоев перомуни сабаҳо ва омилҳои пастравии арзиши асъори миллӣ дар марҳалаи буҳронӣ ва дурнамои болоравии арзиши он баёни андеша карданд.

Ба ҷаноби Шариф Раҳимзода ва устод Ҷȳрахон Бобоев оид ба вазъи кунунии иқтисодиёту молияи кишвар аз ҷониби устодону донишҷȳёни кафедари молия ва фаъолияти бонкӣ суолҳои афзун ироа гардид ва ба ин пурсишҳо посухҳои муносиб дода шуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top