Консерт ба шарафи Рȳзи Парчам

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БАРОИ МО-ТОҶИКОН НИШОНАИ БАҚОИ ДАВЛАТ, ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ, ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БЕҲТАРИН ВАСИЛАИ ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР РȲҲИЯИ ИФТИХОР АЗ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ХАЛҚАМОН МЕБОШАД.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, ҳар сол 24-уми ноябр Рȳзи Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон ҷашн гирифта мешавад. Донишҷȳёни факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқ дар чорабинии идона ба шарафи Рȳзи Парчами миллӣ дар Боғи Парчам бо ироаи шиору овезаҳо, ки гȳёи ваҳдату ягонагӣ, озодию истиқлол ва муаррифии парчаму рамзу рангҳои он буд, фаъолона иштирок намуданд.

 Дар ин ҳамоиш консерти идона бо ширкати ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он сарояндагону раққосон бо пешниҳоди суруду рақсҳои ҷолиб ва созу навои рȳҳпарвар табъи аҳли нишастро болида сохтанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top