Мулоқот дар доираи барномаи аврупоии «Эразмус +»

Санаи 22-юми ноябри соли равон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе вохȳрӣ бо намояндагони Донишгоҳи Канкири Каротекини Туркия бо намояндагони муассисаҳои олии шаҳри Душанбе ва ҳамоҳангсози миллии барномаи аврупоии «Эразмус+» Заррина Нуриддинова доир гардид.

Дар вохȳрии мазкур ҷонибҳо атрофи масъалаи ташкил намудани табодули донишҷȳён ва устодонро дар чорчȳбаи барномаи аврупоии «Эразмус+ КА1 ва КА2» гуфтушунид анҷом доданд.
Дар рафти вохȳрӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Қодирова З.Ҳ. ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Абдувалиев М. иштирок варзида, нақши донишгоҳро дар амалисозии барномаи аврупоии «Эразмус+» баён намуданд.

Дар анҷоми вохȳрӣ ҷонибҳо ба хусолае омаданд, ки амалсозии барномаи мазкурро дар соли таҳсили 2018-2019 ба роҳ монанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top