Рȳйдоди муҳиму мондагор

Дар толори диссертатсионии ДДТТ 27-уми октябри соли равон бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ. Н., ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода А. маросими таъсисёбии Шȳрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. аз кушодашавии Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шудааст, ризоияту миннатдории худ ва ҳамаи олимону устодони донишгоҳро баён кард ва, ҳамчунин, муждагонӣ дод, ки дар асоси фармони раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Розиқзода А. дар донишгоҳи мо низ аз санаи 27-уми октябри ҳамин сол Шȳрои диссертатсионӣ оид ба иқтисодиёт кушода шуд.

Зимни суханрониҳои худ Раҳмонзода Абдуҷаббор, ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ ва ДДТТ-ро ба ифтихори ин падидаи бесобиқаи илмию таҳсилотӣ – кушодашавии Шȳрои диссертатсионӣ дар донишгоҳи мазкур аз самими қалб шодбош гуфт ва зикр кард, ки мо бояд дар оянда ба рушди илми ватанӣ, сифати таълим, потенсиали зеҳнию рушди нерȳи инсонӣ тавваҷуҳи афзун дошта бошем. Раҳмонзода афзуд, ки дар кишвари мо норасоии мутахассисон дар сохаи иқтисод ба назар мерасад, иқтисоди рақамӣ дар мо ташаккул наёфтааст, коршиносони ин соҳа вуҷуд надоранд, бисёр масоили мубрами соҳаҳои иқтисоду молия ва қарзи мамлакат дар замони соҳибистиқлоли таҳқиқ нашудааст, мутахассисони арзандаи соҳаи бонкдорӣ қариб, ки нест, ва аз ин рȳ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ вазифадоранд, ки мутахассисони шоистаи дар бозори меҳнат рақобатпазирро омода кунанд.

Сардори Комиссияи олии аттестатсионӣ Розиқзода А. ҳангоми суханронӣ ректор Фақеров Ҳ.Н. ва ҳамаи устодону олимони ДДТТ-ро ба шарафи таъсисёбии Шȳрои диссертатсионӣ дар ин муассисаи олӣ бо фармони №47, аз 27-уми октябри соли равон табрик кард ва комёбиҳои бузурги илмию тадқиқотиро орзу намуд. Розиқзода А. дар бораи проблемаҳою душвориҳои марҳалаи ташкилёбии Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмон додани Шȳрои ташхис ва низомномаи он сухан ронданд ва зикр карданд, ки мо бояд дар омода сохтани кадрҳои ватанӣ саҳмгузор бошем, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиро таҳия созем, мустақилияти илми тоҷикро таъмин кунем, иқтисоди амалиро пеш барем, ба кадрҳои миллӣ ва касбияти онҳо афзалият диҳем, чун амалӣ кардани ин корҳову нақшаҳо қарзи фарзандию шаҳрвандии мо ва талаботи замони муосир аст.

Дар поёни ин ҳамоиш ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. ба ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода А. барои иштирок дар ин рȳйдоди муҳими илмию таҳсилотии донишгоҳ ва ибрози андешаву ақидаҳои муҳиму созанда изҳори сипос намуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top