Мулоқоти ректор бо донишҷȳёни шуъбаи таҳсилоти ғойибона

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар толори асосии донишгоҳ 26-уми октябри соли равон мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо донишҷȳёни курси 5-уми шуъбаи таҳсилоти ғойибона баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш сардори шуъбаи таҳсилоти ғойибона, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳикматов Суҳбатулло оид ба фаъолияти шуъбаи мазкур суханронӣ кард ва баъд аз он, суханро ба ректор Фақеров Ҳ.Н. вогузор намуд.

Ректори донишгоҳ дар ин чорабинӣ доир ба масоилу мавзȳъҳои муҳиму мубрами ҷомеаи кунунӣ, аз ҷумла, дар бораи истиқлолияту худшиносӣ ва манфиатҳои миллӣ, танзими расму ойинҳо, озодию ободии меҳан, исрофкорию зиёдаравӣ накардан, коҳиш ёфтани маънавиёти ҷавонон, нақши бузурги илму маърифат барои инсону ҷомеа ва равандҳои глобалию сиёсии ҷаҳони муосир бо масъулияти бузургу ҳиссиёти баланди ватандȳстона суханронӣ кард.

Ҳамчунин, роҳбари донишгоҳ зимни муроҷиат ба хатмкунандагони имсолаи шуъбаи таҳсилоти ғойибона бо дилсȳзию ғамхории падарона таъкид намуданд, ки хубу аъло хонанд, забони давлатиро арҷ гузоранд, забонҳои русию англисиро нағз аз худ кунанд, масъулишинос бошанд, аз устодон дониш талаб намоянд, нисбат ба худ сахтгир бошанд ва барои дар ҷомеа мавқеи сазовор пайдо кардан, саъю кȳшиш намоянд.

Сардори шуъбаи таҳсилоти ғойибона Ҳикматов С. дар анҷоми ҳамоиш ба ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. барои чунин як мулоқоти муассиру омȳзанда арзи сипос намуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top