Вохȳрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Дар толори асосии донишгоҳ санаи 24 - уми октябри соли равон вохȳрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, подполковники милитсия Ҷабборов Абдуҷаббор Раҳмонович, корманди ҳамин шуъба, капитани милитсия Турсунов Пайғомиддин, намояндаи масъули Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия Сайфуллоев Суҳроб ва сардори гурȳҳи “Авангард” Салимзода Баҳрулло бо устодону донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир гардид.

Ноиби ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Акрамов Файзалӣ Маҳрамович бо суханронии муқаддимавӣ аз ҳузури меҳмонони гиромӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори хушнудӣ кард ва онҳоро ба аҳли нишасти ҳамоиши имрȳза муаррифӣ намуд ва риштаи суханро ба подполковники милитсия Ҷабборов А.Ҷ. дод.

Муҳтарам Ҷабборов А.Ҷ. зимни суханронӣ оид ба масоили мубраму доғи ҷомеа, аз ҷумла, масъалаи таълиму тарбияи ноболиғон, наврасону ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум доир ба авзои сиёсию иқтисодии ҷомеа, мубориза бар зидди маводи мухаддиру нашъамандӣ, пешгирии амалу кирдори номатлуб, муноқишаҳову авбошӣ дар байни ноболиғону ҷавонон изҳори андеша намуданд ва ба саволҳои донишҷȳён перомуни баъзе қонуншиканиҳо аз ҷониби донишҷȳёну фарзандони одамони мансабдор, посухҳои муфассал доданд. Ҳамчунин, зикр ёфт, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои фармондадиҳӣ сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе имсол нисбат ба соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 26 - адад ё 22,2 % (117/91) ва аз тарафи ҷавонон 35 – адад ё 3,7 % (943/908) паст гардидааст.

Дар поёни сухарнронии худ Ҷабборов А.Ҷ. таъкид кард, ки дар зарфи нуҳ моҳи соли равон 951 бор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохȳриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, бавижа, ноболиғон, наврасону ҷавонон ба воситаи телевизиону радио, рȳзномаву маҷаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу литсейҳо ва макотиби олӣ гузаронида шуд, ки ин ба коҳиш ёфтант ҷинояту ҷинояткорӣ оварда расонид.

Сипас, сухан ба сардори гурȳҳи “Авангард” – и Вазорати корҳои дохилӣ Салимзода Баҳрулло дода шуд ва номбурда дар бораи наврасону ҷавонони замони истиқлол, ки шиори “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат мебошанд” мароми таҳсилу созандагии онҳо маҳсуб меёбад, ибрози андеша намуд. Баҳрулло Салимзода афзуд, ки наврасону ҷавонони мо бояд дорои илму маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, дарку фаҳмиши баланди сиёсӣ бошанд, ба гурȳҳҳои тундраву ифротгаро ва ба таълимоту ақидаҳои бегонапарастӣ майлу таваҷҷуҳ накунанд ва дар зери сиёсати муваффақу созандаи Пешвои муаззами миллат барои ободию пешрафти Тоҷикистони гиромӣ саъю кȳшиш намоянд.

Дар анҷоми ин ҳамоиш ноиби ректор Акрамов Ф.М. аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои чунин як мулоқоти зарурию омȳзанда изҳори сипос намуд.

шуъбаи робита бо чомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top