Мулоқоти намояндагони сохторҳои давлатӣ бо донишҷȳён дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Санаи 21-уми октябри соли равон дар толори хобгоҳи донишгоҳ мулоқоти намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Абдуллозода, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Маҳинабону, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Фирȳзҷон Тȳйчиев ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушнуда Бȳриева бо донишҷȳён доир гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони масъули сохторҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашъамандӣ, зарару зиёни он, андешидани чораҳои муосир барои пешгирии ин вабои замони муосир, оид ба тарзи ҳаёти солим, роҳҳои ташаккул додани он, ҷавонон бояд тарзи ҳаёти солимро интихоб кунанд ва ба намудҳои гуногуни варзиш рȳ оранд, ибрози андеша карда шуд.

Ҳамчунин, намояндагони сохторҳои давлатӣ дар бораи Соли ҷавонон, ҷавонон ва проблемаҳою дурнамои фаъолияти онҳо дар ҷомеаи имрȳза ва сиёсати созандаи Президент ва Ҳукумутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонони замони истиқлол суханронӣ карданд.

Андешаронии намояндагони сохторҳои давлатӣ оид масоили мубраму муҳими ҷомеаи кунунии мо аз ҷониби ҷавонони маскуни хобгоҳ бисёр ҳам нек пазируфта шуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top