Маросими супоридани билети донишҷȳӣ

11-уми октябри соли равон соати 12.00 нақша – чорабиниҳои факултети тиҷорат ва гумрук бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ., сардори департаменти таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳомитов М.С., декани факултети тиҷорат ва гумрук, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Салимов Н.С. ва муовинони декан оид ба таълиму тарбия Афғонов С.М. ва Прошотов А.Р. маросими ботантанаю пуршукȳҳи супоридани билетҳои донишщҷȳӣ ба донишҷȳёни курси 1-уми факултети мазкур бургузор гардид.

Ба нахуст декани факултет, дотсент Салимов Н.С. ҳамаи донишҷȳёнро ба муносибати донишҷȳ шудан ва гирифтани билети донишҷȳӣ табрику таҳният гуфтанд ва зикр карданд, ки имсол тибқи имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ 209 нафар аз рȳи 7 ихтисос ва 9 гурȳҳи академӣ шарафи донишҷȳи факултети тиҷорат ва гумрук шуданро дарёфт намуданд.

  

Ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. кулли донишҷȳёнро бо оғози соли нави таҳсил ва барои ба номи пурифтихори донишҷȳ сазовор шудан шодбош гуфтанд ва дар вазъияти шукȳҳманду хотирмон ба донишҷȳёни курси 1-уми факултети тиҷорат ва гумрук билетҳои донишҷȳиро супориданд. Ҳамчун, ноиби ректор оид ба таълим, дотсент Толибов Қ.Қ. ва сардори департаменти таълим, дотсент Ҳомитов М.С. дар суханрониҳои худ ба ифтихори ин рȳйдоди фараҳбахш ҳамаи донишҷȳёни курси 1-уми факултети тиҷорат ва гумрукро бори дигар бо самимияту меҳру муҳаббати устодона муборакбод намуданд ва дар таҳсилу зиндагиашон комёбиҳои арзандаро орзу карданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top