Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону маблағгузорон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14-уми октябри соли равон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бо соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва маблағгузорон мулоқот доир карданд.

Мулоқоти роҳбари кишвар бо соҳибкорону маблағгузорон ҳар сол дар рȳзи соҳибкорон мутобиқ ба 14-уми октябр характери анъанавӣ пайдо кардааст ва имсол аз донишгоҳи мо, ректор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ - методӣ Толибов Қ.Қ., сардори раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ ва фаъолони донишгоҳ ширкат варзиданд.

Вохȳрии ҳарсолаи анъанавии Президенти кишвар бо соҳибкорону маблағгузорон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин табақаи фаъолу пешқадами ҷомеа, проблемаҳою душвориҳо ва дурнамои кору пайкори онҳо бетараф нестанд ва ба афкору ташаббуси соҳибкорон бо масъулияти бузургу нигоҳи вижа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Маълумоти муфассалро перомуни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону маблағгузорон аз сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда метавонед.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top