Шоми ҷавонӣ ба шарафи Соли ҷавонон

Бо ибтикори ҳайати устодону донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 14-уми октябри соли равон дар боғи Кȳли ҷавонон ҳамоиши фарҳангиву фароғатӣ ба ифтихори Соли ҷавонон доир гардид, ки онро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо суханронии сермазмуну муассир оғоз намуд.

Дар бахши фарҳангӣ композитсияи адабӣ – бадеии «Мекунам шукронаи имрȳзу фардои Ватан» аз тарафи толибилмони Литсеи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сурудҳои «Ватан», «Ёри фирорӣ», «Гули ман», «Ало шодоб соҳилҳо», «Истиқлол», қироати шеърҳо дар васфи меҳану меҳандорӣ ва рақсҳои мардумӣ аз ҷониби донишҷȳёни дастаи «Тоҷири аҷам» бо муҳаббату самимияти беандоза ва маҳорати баланд ба иҷро расонида шуд.

Дар поёни ин ҳамоиши фарҳангӣ – фароғатӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба масъулину донишҷȳён ва ҳозирин барои созмон додану гузаронидан ва ширкат варзидан дар ин шоми ҷавонӣ изҳори сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top