Вохȳрии ректори донишгоҳ бо волидон ва донишҷȳдухтарон

Санаи 10.10.2017 сол дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии модарон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Факеров Ҳ.Н., – профессор, ректори донишгоҳ, Азимова М.А., сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Азизов А.О., раиси ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Тоирова С.Ш., мудири шуъбаи кор бо занони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Қузибоева З., мудири шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, намояндагони раёсати донишгоҳ ва маъмурияти хобгоҳи донишҷӯён иштирок доштанд.

Фақеров Ҳ.Н., профессор, ректори донишгоҳ аз ҷумла дар суханронии худ чунин зикр намуд, ки зан ҳамчун офаридгори насли инсонӣ ва равшангари роҳи онҳо дар ҷомеа мақому манзалати махсуси худро дорад. Бо ташаббусҳои созандаи худ Пешвои миллат тавонист қолабҳои кȳҳнашударо оид ба мавқеъ ва мақоми занон дарҳам занад, то оила ва ҷомеа ба мавқеи зан-модар диди орӣ аз хурофот дошта бошад.

Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд. Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Зеро маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, рисолати ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд. Таҳлили фаъолияти занон дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрӯз раванди рушди демократикунонии ҷомеа тақозо менамояд, ки чи дар идоракунӣ ва чи дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсиятҳо гардад.

Маълум аст, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд, ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ шуда метавонад.

Азимова М.А., сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷукумати Тоҷикистон: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро дар ҳар давру замон ба таври хос ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии занон ва фаъолияти онҳо дар тамоми самтҳо талош меварзад.

Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту субот дар кишвар Сарвари давлат, Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа, фаъол гардонидани нақши онҳо ва тарбияи насли худшиносу худогоҳ корҳои назаррасро анҷом дода, як қатор санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ ҷанбаҳои мусбат ва ҷанбаҳои манфии худро дорад. Дар ин раванд пурзӯршавии омезиши шадиди арзишҳо масъалае мебошад, ки баҳри пойдории фарҳангҳо таззодҳои зиёдро пеш меовард. Пурзӯршавии ин раванд, инчунин ба қувватгирии таъсирҳои гуногуни иттилоотӣ низ вобаста буда, рушди технологияҳои иттилоотӣ баҳри ин замина фароҳам меоварад. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии фарҳангу забони миллат дар арсаи ҷаҳонӣ чи гуна саъю кȳшиш доранд, вале занону духтарони тоҷик ба ҷои муаррифии либосу фарҳанги миллии худ, ба таблиғи фарҳангӣ бегона гироиш доранд, ки ин боиси нигаронӣ аст.

Барои пешгирӣ аз ин раванд боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ бағоят муҳим аст ва мо бояд ба ҷомеа ҳар чӣ бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем. Мутаассифона, бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллӣ ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта наметавонанд Масъалаи пȳшидани либос ин масъалаи як порча матоъ нест, балки он ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ аст ва онро бояд ҳифз намуд.

Қузибоева З., мудири шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Тураева Ш. донишҷӯйи курси 3, факултети МИБ ва ҳуқуқ ва Абдураҳмонова Д. донишҷӯйи курси 3, раиси Шȳрои духтарони хобгоҳ низ дар суханрониҳои худ оид ба мақому манзалати зан – модар дар оила ва ҷомеа таъкид намуданд ва сиёсати Президет ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин масъала комилан дастгирӣ карданд. Вохȳрӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷом ёфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top