Чор соли тақдирсоз. Мулоқоти ҳайати устодону кормандон бо ректори донишгоҳ

12-уми октябри соли равон дар толори асосии донишгоҳ мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо аҳли раёсат, устодону кормандони донишгоҳ шуда гузашт.

Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ доир ба интизомнокии меҳнат, иҷроиши саривақтии фармону супоришҳо, ташкили фазои солими илмию эҷодӣ, сарфаю сариштакорӣ, истифодаи босамари осори зиёди китобхона аз ҷониби устодону муҳассилин, дуруст ба роҳ мондани дарсу лексияҳо, таваҷҷуҳи бештар ба омода кардани маводи таълимию методӣ, аз хатоҳои имлоию грамматикӣ ва маъноӣ тоза кардани ин мавод, ҷоннок намудани маҳфилҳои фаннию викторинҳо, истифодаи босамари техникаю технологияҳои муосир ва масоили дигари муҳим ибрози андеша намуданд ва роҳу воситаҳои ҳаллу фасли проблемаю душовирҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таълимии донишгоҳро нишон доданд.

Ҳамчунин, роҳбари донишгоҳ афзуданд, ки акнун замони тағйир додани таффакури шахшудаю қолабӣ нисбат ба таълиму тадрис ва боло бардоштани масъулияту вазифашиносии олимону устодон нисбат ба корҳои илмию методӣ ва ҷамъиятиву инфиродӣ мебошад. 

Ректор бори дигар таъкид карданд, ки устоди донишгоҳ, хоҳ профессору доктор бошад, ё ассистент, ȳ ҳамчун субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ бояд дар худ фарҳанги босабру таҳаммул будан, ҳангоми муносибату муошират бо ҳамкорону донишҷȳён ҳалиму меҳрубон буданро тарбия кунад, аз такаббуру худситоӣ ва манманӣ кардан дурӣ ҷȳяд, қонуну қоидаҳои умумидоншгоҳиро пурра риоя созад ва сиёсати муваффақу созандаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дуруст дарк ва комилан дастгирӣ намояд.

Мазмуну муҳтавои суханронии ректори донишгоҳ зимни мулоқот бо устодону кормандон стратегияи рушди ҳамаҷонибаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро барои солҳои оянда муайяну равшан намуда, масъулону ҳозиринро муваззаф мегардонад, ки ин суханони дурандешонаю роҳнамунсозро дар кору фаолияти илмию эҷодӣ ва хидматии худ сармашқи амал қарор диҳанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top