Фархунда бод Рȳзи омȳзгор ва Рȳзи забони давлатӣ!

4-уми октябри соли равон соати 11.00 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши бошукȳҳ ва маҳфили фарҳангӣ ба шарафи таҷлили рȳзи омȳзгор ва рȳзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ба нахуст ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович оид ба мақому манзарати омȳзгор ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши калидӣ ва мавқеи меҳвари доштани илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон перомуни бузургдошти забони ноби тоҷикӣ ва рушду такомули он дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

 

Дар ин ҳамоиш раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар меҳмонон аз созмонҳои ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок доштанд.

Сипас сухан ба раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизов Азизхȳҷа Орипович дода шуд ва намояндаи мазкур ҳамаи устодону донишҷȳён ва кормандони донишгоҳро ба ифтихори Рȳзи омȳзгор ва Рȳзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

 

Баъд аз он, донишҷȳёни курси якуми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ Ваҳҳобзода Гулрухсор ва Фақерова Паймона бо маърȳзаҳои “Тулȳи хуршеди маонӣ” ва “То забон дорад, ватандор аст ȳ ...” суханронӣ карданд.

Дар бахши фарҳангии ин ҳамоиш донишҷȳёни фаъолу ҳунарманд Саидов Бахтиёр, Раҳимова Фирȳза, Саидҳасанов Фаридун ва дигарон сурудҳову муошираю рақсҳои худро, ки барои ин ҷашнҳои фархунда омода карда буданд, бо номҳои “Ба хоки пои муаллим ҳазор бор дуруд”, “Ид муборак омȳзгори ман”, “Достон дар васфи омȳзгор” ва “Забони модариям, ифтихорам” дар сатҳи баланд ва бо сифату касбияти арзанда иҷро намуданд.

Дар анҷоми ин ҳамоиши бошукȳҳи фарҳангӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. олимону устодони муваффақу арзандаи донишгоҳро ба ифтихори Рȳзи омȳзгор ва Рȳзи забони давлатӣ бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top