Вохȳрӣ бо намояндагони барномаи DAAD

Санаи 29-уми сентябри соли равон, соати 13.00 дар толори конфронсҳо вохȳрии устодону донишҷȳёни донишгоҳ бо намояндагони Хадамоти табодули академии Олмон ва роҳбари Маркази иттилоотии он дар Душанбе хонум Никола Фёрингер доир гардид.

Ба нахуст мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Абдувалиев Мубин ба ҳозирин оид ба ин созмон маълумоти муфассал пешниҳод намуд ва сухан баъд аз он, ба намояндаи масъули хадамоти мазкур хонум Никола Фёрингер дода шуд.

Хонум Фёрингер андешаҳои худро перомуни рисолату вазифаҳои ин хадамот иброз дошт ва барои пурратар шиносонидани фаъолияти хадамоти мазкур ба воситаи наворҳои видеоӣ навбати суханрониро ба намояндаи Маркази иттилоотии ин хадамот хонум Нисо Ҳоҷиева вогузор намуд. Ȳ дар барои фаъолияти густурдаи хадамот оид ба дастгирии олимони ҷавон ва тадқиқоту пажȳҳишҳои илмии онҳо дар соҳаҳои илму маориф, сиёсату иқтисод ва фарҳанг суханронӣ намуданд.

Сипас, оид ба масоили гуногун, ки ба доираи фаъолияти Хадамоти табодулоти академии Олмон марбут буд, байни устодону донишҷȳён ва роҳбари Маркази иттилоотии ДААД дар Душанбе хонум Никола Фёрингер пурсишу посухҳо доир гардиданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top