Дарси кушоди тарбиявӣ ба ифтихори Рȳзи кормандони дипломатӣ

29-уми сентябри соли равон, соати 11.00 дар толори лексионии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ба ифтихори таҷлили Рȳзи кормандони дипломатӣ дарси кушоди тарбиявӣ бо иштироки аҳли садорати факултет, устодон ва донишҷȳёни курси якуми гȳруҳҳои тахассуси дипломатӣ баргузор гардид.

Дар ибтидои ин ҳамоиш донишҷȳён дар бораи меҳану меҳандорӣ, ободию озодии кишвар ва истиқлолияту худшиносии миллӣ сурудҳо хонданд ва шеърҳо қироат намуданд. Донишҷȳёни фаъоли тахассуси дипломатӣ доир ба таърихи дипломатия, сиёсати муваффақонаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърȳзаҳо баромад карданд. Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, устоди донишгоҳ Абдулазизова Зебо дар бораи рушду такомули дипломатияи тоҷик суханронӣ намуд.

 

Дар анҷоми ин ҳамоиши шавқовару хотирмон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Фарҳод ба ҳайси сардори факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ба аҳли нишаст ва мураттибони ин чорабини илмию фарҳангӣ изҳори сипос намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top