Ҳамоиши фарҳангӣ – фароғатӣ ба ифтихори Соли ҷавонон

Шоми якшанбеи санаи 17-уми сентябри соли равон, соати 19.00 дар майдони 800-солагии Москва бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорию мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ба ифтихори Соли ҷавонон бо шукȳҳу шаҳодати вижа баргузор гардид.

Ба нахуст ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. тантанаю ҳамоиши фарҳангию фароғатиро бо суханронии пурмуҳтавои худ оид ба Соли ҷавонону сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонони кишвар ва рушду такомули зеҳнию маънавӣ ва фарҳангию техникии онҳо зеби оғоз бахшид.

Баъд аз он, сухан ба муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза дода шуд.

Масъулини мазкур низ ҷавонони донишгоҳ ва дар симои онҳо ҳамаи ҷавонони кишварро ба шарафи Соли ҷавонон табрику таҳният гуфтанд ва аз сиёсати созандаю омȳзандаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонону ояндаи дурахшони онҳо комилан ва сипосгузорона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар бахши фарҳангии ҳамоиши мазкур ҷавонони ҳунарманди донишгоҳ дар бораи меҳану насли ҷавон, истиқлолияту озодӣ, дȳстию ҷавонӣ ва меҳандорию ифтихори миллӣ шеърҳо қироат намуданд ва сурудхонӣ карданд.

Дар анҷоми ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба ҳозирин барои иштироки фаъолона ва хотирмону шавқангез доир кардани ин ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ба шарафи Соли ҷавонон изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top