Варзиш- кафолати тарзи ҳаёти солим

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, инчунин оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷихати иҷрои мактуби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.04.2017, №7,2/1-465 шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ ҳар субҳи рȳзи шанбе аз соати 6:30 то 7:00 дар назди хобгоҳи донишҷȳёни донишгоҳ машқҳои пагоҳирȳзиро доир менамояд, ки дар он донишҷȳёни хобгоҳ фарогири тамринҳои пагоҳирȳзӣ мегарданд.

 

 Бояд қайд намуд, ки субҳи рȳзи 23-уми апрели соли 2017 чунин машқҳои пагоҳирȳзи бо роҳбарии муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Раҳимов Маъруф гузаронида шуд, ки дар он донишҷȳёни хобгоҳ ширкат варзиданд.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top