Вохȳрии судманд

Санаи 7-уми апрели соли ҷорӣ дар толори донишгоҳ намояндагони Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сȳхтори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шарипов – сардори шуъбаи мазкур, майори хизмати дохилӣ, Абдулло Сангинов – нозири шуъба, майори хизмати дохилӣ, Ҷамшед Ниёзов – сардори гурȳҳи иттилоотии Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, майори хизмати дохилӣ, бо кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷрати Тоҷикистон вохȳрӣ доир намуданд, ки мақсади он роҳҳои пешгирӣ аз сȳхтор, яъне риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сȳхтор зимни истифодаи таҷҳизотҳои барқӣ буд.


Ба таври дигар гȳем ҳадафи асосии вохȳриро омȳзонидани кормандони донишгоҳ бо меъёрҳои бехатарӣ аз сȳхтор, истифодаи таҷҳизотҳои барқӣ, тарзи дуруст истифода бурдани воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ, амалҳои ҳар як корманд ҳангоми сар задани ҳодисаҳои сȳхтор, роҳҳои тахлия (эвакуация) – и шаҳрвандон, донишҷȳён, хабар додани шаҳрвандон ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ, назорати пурра ва ҳамаҷонибаи ташрифи шаҳрвандон ба биноҳои маъмурии донишгоҳ ва хобгоҳ, ҳуҷраҳои зисти донишҷȳён дар хобгоҳ ташкил медод.
Баъдан намояндагони Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сȳхтори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои додаи бархе аз кормандони донишгоҳ посухҳои қаноатбахш доданд.


Сипас аз ҷониби кормандони хоҷагии донишгоҳ дар ҳайати 7-нафар ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуд.
Дар анҷоми вохȳрӣ муовини ректор оид таълиму тарбия, дотсент Акрамов Ф.М. ба меҳмонон барои иштирокашон дар чунин як вохȳрии судманд изҳори сипос намуда, баргузории чунин вохȳриҳоро арзишманд арзёбӣ намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top