Вохȳрии ректор бо бонувони донишгоҳ

12-уми апрели соли равон дар толори асосии донишгоҳ вохȳрии ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо бонувони донишгоҳ баргузор гардид.

 

Вохȳриро роҳбари бахши бонувон ва донишҷȳдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ аз хусуси фаъолияти босамари бахши зикргардида гузориш дода, аз ҷумла қайд намуд, ки бонувону донишҷȳдухтарони донишгоҳ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирию ғамхориҳои доимии Пешвои миллат нисбати занону донишҷȳдухтарон, инчунин дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас доранд.

Сипас ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Нуриддинович суханронӣ намуда, аз хусуси бузургии Модар, мақому манзалати ȳ ва саҳми беназири бонувону донишҷȳдухтарони донишгоҳ ёдрас шуда, фаъолияти пурсамар ва иқдому ташаббусҳои наҷиби онҳоро ҷиҳати пешрафти кори таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи давру замон ҷавобгȳ ба таври нек арзёбӣ кард.

Дар хотимаи вохȳрӣ бонувони донишгоҳ Зелнер Евгения Яковлевна, Бибиҷамила Норқузиева, Зарина Қодирова, Мунаввара Саидова, Рақиба Сангинова, Фирȳза Сангова, Басгул Исупова, Раҳёнбӣ Маҳсудинова, Зулфия Қурбонова, Хоҷабекова Г. ва чанде дигарон баромад карда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия ва фаъолтару муассир шудани кори бахши бонувон ва донишҷȳдухтарони донишгоҳ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top