Бойгарии асосии инсон бойгарии маънавии уст!

Санаи 01-и апрели соли 2017 дар толори асосии донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ вохȳрӣ бо ректори донишгоҳ  д.и.и., профессор  Фақирзода Ҳ.Н. баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷȳёни факултет ширкат варзиданд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро декани факултет н.и.и., дотсент Шаропов Ф.Р.  ифтитоҳ намуда, ректори донишгоҳ профессор Фақирзода Ҳамидуллохон Нуриддинро ба ин вазифаи пурмаҳсул табрику таҳният намуда, ба устод дар корҳои минбадаашон комёбиҳои беназиро таманно кард.  

Сипас ректори донишгоҳ профессор Фақирзода Ҳамидуллохон Нуриддин  баромад намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани чунин шароит изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки имрȳз барои донишҷȳёни донишгоҳ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва донишҷȳён бояд аз ин имкониятҳо васеъ истифода намоянд.

Ректори донишгоҳ зимни суханронии хеш  қайд  намуданд, ки имрȳз бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит баҳри ҷавонон муҳайё гардидааст, ки ҷавонон метавоннанд аз он истифода намуда, барои расидан ба қуллаҳои баланди илмҳои муосир  талош варзанд, зеро ҷавонон яке аз нерȳи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлолиятро месазад, ки бо кȳшишу ғайрати хеш ва бо нерȳи зеҳниашон дар рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми арзанда гузоранд. Имрȳз дар чеҳраҳои ҷавонони кишвар ҳисси ватандȳстӣ, ҳештаншиносӣ, ободкорӣ ва созандагиро эҳсос менамоем, қайд намуданд ректори донишгоҳ.

Сипас ректори донишгоҳ Фақирзода Ҳ.Н. қайд карданд, ки дар ин рȳзҳои баҳорӣ ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе дар пайи ободкриву ниҳолшинонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи хонаҳои хеш кȳшиш доранд. Суханони ректори донишгоҳро устодон ва донишҷȳёни факултет дастгирӣ намуда, дар корҳои ободкорӣ ва ниҳолшинонӣ дар саҳни донишгоҳ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.   

Ректори донишгоҳ профессор Фақирзода Ҳ.Н. дар баромади хеш қайд карданд, ки бойгарии асосии инсон бойгарии маънавии уст!

Баъдан донишҷȳёни факултет Мирбобоева Нафиса донишҷȳи бахши 2-юми ихтисоси 230101, Абдуллоев Ҷаҳонгир бахши 2-юми ихтисоси 250103-А, Таманнои Иноятулло бахши 3-юми ихтисоси 240101, Ҳакимбоев Бахтовар донишҷȳи бахши 3-юми ихтисоси 250103-Г ва  Наврȳзмамадов Деҳқон донишҷȳи бахши 3-юми ихтисоси 250103-Г, баромад намуданд ва пешниҳодҳои хешро ба ректори донишгоҳ профессор Фақирзода Ҳ.Н. пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ректори донишгоҳ ба пуррагӣ дастгирӣ гардиданд.

Донишҷȳёни факултет изҳори миннатдории хешро ба ректори донишгоҳ баҳри дастгирии ҷавонон баён намуданд, ва қавл доданд, ки дар оянда мутахассиси хуби соҳаи хеш гардида, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакати хеш саҳм мегузоранд.

Дар навбати худ муаллими  кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Саидов Д.А. баромад намуда, устодро ба ин вазифаи масъулиятнок табрику таҳният намуда, ба онҳо дар асоси фаъолияти кафедра барои гузаронидани аттестатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санаи 16.04.2017 дар донишгоҳ баргузор мегардад,  пешниҳодҳои хешро ба ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Фақирзода Ҳ.Н. ва декани факултет Шаропов Ф.Р. пешниҳод намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top