Фестивал – озмун байни донишҷȳён

Санаи 1-уми апрели соли 2017 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷамъбасти Фестивал - озмуни донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавони эҷодкор, ки дар доираи нақшаичорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон», аз 8 феврали соли 2017, № АП 833, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, баргузор гардид.

 

Бояд қайд намуд, ки фестивали мазкур бо сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба вазорату идораҳои дахлдор бахшида ба «Соли ҷавонон» гузаронида шуд. Дар даври аввали фестивал, ки санаи 29 ва 30 марти соли 2017 дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» баргузор гардид, ки дар он донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон якчанд баромадҳо аз рȳи жанри фалак, рақси халқӣ, реп, хип-хоп ва сурудҳои эстрадӣ бо маҳорати баланд пешкаши ҳозирин гардонида дар натиҷа жанри реп аз ҷонибаи аъзои ҳакамон барои даври ҷамъбастии фестивал пешниҳод гардид. Дар ҷамъбасти фестивал донишҷȳи курси 2, ихтисоси 250103 Тошов Ҷамшед ва донишҷȳи курси 2, ихтисоси 25010402 Наҷмиддинов Муҳуммадюсуф аз рȳи жанри реп баромад намуда, соҳиби диплом, тȳҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ қадрдонӣ гардид.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top