Ғолибияти дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам» донишгоҳ

Тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2016, № 4907 дар бораи ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Маҳфили зарифон» байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бо мақсади ба ҳам овардани донишҷȳён, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию меҳанпарастӣ дар байни ҷавонон доир мегардад.

Бояд гуфт, ки муассиси озмуни ҷумҳуриявии телевизионии Маҳзар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ташкил ва баргузор карда мешавад.  

Тибқи қурапартоии пешакӣ дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 16-уми марти соли 2017  бо дастаи «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон қуваозмоӣ намуданд.

       Вобаста ба тартиботи муайянгардидаи озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Маҳфили зарифон» аз рȳи шартҳои зерин: саломнома, суруди ҳаҷвӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суолнома ва тақлид баргузор гардид ки донишҷȳёни дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ба даст овардани 91 холаз донишҷȳёни  дастаи «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки 86 холро соҳиб гардиданд, ғолиби даври аввал дониста шуда, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

                   Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top