ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРȲЗ АСТ

Гузориш аз тантанаҳои ҷашнии наврȳзи донишгоҳ

Тайёрии ҳамаҷонибаи ҳайати устодону профессорон, кормандон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврȳзи байналмилалӣ  имкон дод, ки чорабиниҳои наврȳзӣ  дар сатҳи баланд ва шукȳҳу шаҳомати хосса хотирмон гузаронида шаванд.

18-уми март тамоми донишгоҳро фазои идона фаро гирифта буд. Садои гȳшнавози карнаю сурнай, дафу чанг ва дигар асбобҳои мусиқӣ, ки   ба атроф паҳн гардида, аз омадани фасли баҳору Наврȳзи хуҷастапай ва шодию нишоти устодону донишҷȳён ва меҳмонон дарак медоданд, ба ҷону тан ҳузуру ҳаловат мебахшид.

 Суруду рақсҳои дилчасп ва қироати шеърҳои ба баҳору Наврȳз бахшидашуда, ки аз ҳар ҷониб шунидаю дида мешуданд, дилҳоро ба фараҳ оварда, шукȳҳу шаҳомати чорабиниро даҳчанд мегардониданд. Варзишгарони донишгоҳ, ки аз Наврȳз то Наврȳз дастовардҳои зиёди назаррасро соҳиб гардидаанд, ҳунару истеъдоди баланди хешро нишон медоданд.

Дастовардҳои ба маърази тамошо гузоштаи факултаҳои донишгоҳ, литсейи он ва дастархонҳои наврȳзии дар асоси тамоми расму ойин ва анъанаҳои миллии ниёгонамон ороста, аз ҷумла "Ҳафтсин" ва "Ҳафтшин" диққати меҳмонону иштирокдорони базмро ба худ ҷалб намуд.

Баъди азназаргузаронии дастовардҳои донишгоҳ қисми расмии ҷашнвора шурȳъ гардид, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров ҳусни оғоз бахшида, кулли иштирокчиёни ҷашнвораро хайрамақдам гуфта, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Бȳриев Носирҷонро  ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Ректори донишгоҳ бо шукргузорӣ  аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи мамлакат, бахусус ҷаҳду талош ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати  ҷаҳонишавии Наврȳз ва заҳматҳои Пешвои миллат дар боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо ҳарф зада, ҷаҳонишавии Наврȳзро  аз эътироф ва ватани аслии Наврȳз будани кишвари азизамон - Тоҷикистон, боло рафтани обрȳ ва мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

 Дар суханронии Носирҷон Сайдалиевич низ таманниёт ва орзуҳои неки наврȳзӣ баён ёфта, ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини сулҳу субот, мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврȳз ва аз як кишвари ҷангзада ба кишвари ободу зебо ва рушдкунанда табдил ёфтани Тоҷикистони азиз ёдрас гардиданд.

Баъдан ба чанде аз устодону кормандон ва донишҷȳёни фаъоли донишгоҳ шаҳодатномаҳои "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишгоҳ супорида шуданд.

Барномаи консертии омодакардаи дастаи ҳунарии "Тоҷири Аҷам"-и донишгоҳ, аз ҷумла сурудҳои "Омад баҳори гулфишон", "Тоҷикистон", "Наврȳз муборак!", "Духтари деҳқон", "Мо ҷавонони ватансозандаем",   рақсҳои дилнишини "Ҷавонӣ" ва "Баҳорӣ", ки  бо ҳунару истеъдоди баланд иҷро карда шуданд, табъи иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд. Алалхусус, суруди умумии " Мо ҷавонони ватансозандаем ", ки хеле хуш садо дод, дилҳоро тасхир карда, то дер дар хотири аҳли толор хоҳад монд.

Дар хотимаи ҷашни Наврȳзи байналмилалӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бори дигар Наврȳзи оламафрȳзро ба ҳамагон табрик гуфта, ба меҳмонон ва аъзоёни дастаи «Тоҷири Аҷам», ки тамоми чорабиниҳои донишгоҳӣ ва берун аз онро дар сатҳи баланд мегузаронанд, изҳори сипос намуда, қудуми мубораки Наврȳзи имсоларо, ки ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ рост омад, дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз  нек ва пурфайз арзёбӣ намуд.

Ш. Раҷабалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top