Семинар дар доираи лоиҳаи Эразмус+ PAWER дар Донишгоҳи илм ва ҳаёти ш. Врослови Ҷумҳурии Лаҳистон

Санаи 27-28 феврали соли 2017 мудири  шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Абдувалиев Мубин дар семинар-барномаи лоиҳаи Эразмус+ KA2 PAWER дар Донишгоҳи илм ва ҳаёти ш. Врослови Ҷумҳурии Лаҳистон иштирок намуда оиди раванди низоми кредитиии таҳсилот ва масоили эътирофи  кредитҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) ва нақшу муҳимияти  ДДТТ барои рушди барномаи мазкур  маъруза пешниҳод намуд.

Дар вохурии мазкур 28 намондагони донишгоҳҳои мухталиф аз Лондон, Италия, Венгрия, Полша, Балгария, Федератсияи Руссия, Озарбойҷон, Монголия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок намуданд. Мақсади асосии лоиҳа ин такмил бахшидани ҷабҳаҳои низоми кредитии таҳсилот, ҳали масоили эътирофи кредитҳо, ташкили барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон бо муассисаҳои олии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои КА1 Credit Mobiltiy ва КА2 Capacity Building Program, ва ғ.


 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top