150 рȳзи хуррамгардонию ниҳолшинонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист

Рȳзи якшанбе мутобиқ ба 26-уми феврали соли равон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба 150 рȳзи хуррамгардонию ниҳолшинонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист дар пойтахти кишвар бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳашари умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.

Устодону кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ дар ин рȳзи офтобӣ бо нияти неку амали созанда ба ниҳолшинонию тозаю озода намудани боғчаҳою майдонҳо, роҳравҳою саҳни донишгоҳ, синфхонаҳою кȳчабоғи назди донишгоҳ машғул гардида, бо тозакорию ободкорӣ саҳми шоёну муносиби худро дар ин маъракаи муҳими умумишаҳрӣ гузоштанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top