Озмуни маърифатӣ зеҳнии "Арȳси наврȳзӣ"

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаҳои кор бо занон ва оила, варзиш ва сайёҳӣ, телевзион ва радио озмуни маърифати зеҳнии “Арȳси наврȳзӣ"-ро дар иртибот ба иҷрои банди 25-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврȳзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода (21-22 марти соли 2017), дастури роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2016, №16/317 (26), татбиқи амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, байни донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ташкил ва баргузор карданист.

Мақсади озмун тарбияи самарабахши ҷавондухтарон дар рȳҳияи худшиносиву илмгароӣ, одоби оиладорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷȳдухтарон, ки ҳунарҳои хуби ҳозирҷавобӣ, кадбонуиву рȳзгордорӣ ва маҳорати намоиши арȳси намунавии хонадони солимро доранд, мебошад.

Озмун аз ду давра иборат буда, даври аввал дар муассисаи таълимӣ то 5-уми март ва даври ҷумҳуриявӣ то 15-уми март доир карда мешаад . Ба дари ниҳоӣ аз ҳар як муассисаи таълимӣ якнафарӣ донишҷȳдухтарон то 6-уми март пешниҳод ва ширкат менамоянд.

Озмун аз чор давра (шарт) иборат буда, таҳти шиорҳои "Соҳибҷамоли наврȳзӣ", "Соҳибхона", "Орифа", "Кадбону" ва озмуни "Соҳибҳунар", ки шарти махфӣ аст ва аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад, иборат мебошад.

Дар асоси шартҳои зерин 22-юми феврали соли ҷорӣ дар толори асосии донишгоҳ озмуни маърифатӣ-зеҳнии "Арȳси наврȳзӣ" баргузор шуд, ки дар он донишҷȳдухтарони факултаҳои тиҷорат ва гумрук, умури бонкӣ, иқтисодиёт ва менеҷмент ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ иштирок намуданд.

Аз рȳи ҷамъбасти холҳои бадастовардашуда донишҷȳдухтарони факултаи иқтисодиёт ва менеҷмент ба гирифтани ҷойи 1-ум, факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ҷойи 2-юм, факултетҳои умурӣ бонкӣ ва тиҷорат ва гумрук ҷойҳои 3-юмро ишғол намуданд.

Аз ҷониби раиси ҳакамон, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бȳриев Носирҷон Саидалиевич ва ректори донишгоҳ Шарифзода Мумин Машокир ба ғолибони озмун ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз ҷараёни озмуни "Арȳси наврȳзӣ".

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top