МУҲОФИЗИ ВАТАН МАНАМ…

Дар толори асосии донишгоҳ ба муносибати рȳзи таъсисёбии Артиши миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки он бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир оғоз ёфт.

Ректори донишгоҳ ба таври мухтасар аз саҳми артиши ҷавони кишвар дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат, бахусус дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурȳҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомȳш кардани ошȳбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа ёдовар шуда, иброз дошт, ки он дар зарфи 24 соли мавҷудияташ ба нерȳи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орму осудаи мамлакат табдил ёфта, ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодаанд.

Маърȳзаи пурмазмуни профессори кафедраи таърих ва филология Нȳъмонҷон Ғаффоров, ки хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷавононро ба дȳст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, худшиносиву ифтихори миллӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват мекард, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба худ ҷалб намуд.

Маърȳзачӣ бо мисолҳои мушаххас собит намуд, ки аҷдодони бонангу номус ва падарону бобоёни шȳҳратмандамон дар ҳама давру замон баҳри ҳифзи Ватан ва сарзамини аҷдодиамон шуҷоату корнамоиҳои бемисл нишон дода, ҷоннисориҳо кардаанд.

Донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси 26020312 - маркетинг дар сайёҳӣ Фарзона Афғонова ва корманди масъули Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ полковник Ибодулло Ҷумаев низ зимни суханронӣ иброз доштанд, ки сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан эстафетаи падарону бобоёни шȳҳратмандамонро идома дода, баҳри пойдории сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар ва дастовар-дҳои истиқлолият хизмати Модар-Ватанро содиқона ба ҷо оварда истодаанд.

Дар хотимаи қисми расмии ҷамъомад аз ҷониби ректори донишгоҳ ба ғолибони чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ки ба муносибати Рȳзи Артиши миллӣ ва Соли ҷавонон гузаронида шуда буданд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Барномаи консертии дар сатҳи баланд омодакардаи донишҷȳёни факултети тиҷорат ва гумрук, инчунин сурудҳои овозхони шинохтаи ҷумҳурӣ Сангалӣ Мирзоев, ки қисми бадеии чорабиниро ташкил дода, аз шеъру тарона, суруду рақсҳои ҷаззобу дилчаспи ба васфи Ватан, Модар, Артиши миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар бахшидашуда иборат буданд, аҳли толорро шоду масрур гардонида, ба онҳо ғизои маънавӣ бахшиданд.

Р. Масъуд

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top