Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба соли 2017- Соли ҷавонон ва Рȳзи Артиши миллӣ

Бахшида ба соли 2017- Соли ҷавонон ва Рȳзи Артиши миллӣ бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон аз 14 то 16-уми соли равон дар донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди турниккашӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ҷаҳидан ба дарозӣ байни донишҷȳён баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷȳён ба варзиш, тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва интихоби варзишгарони болаёқату бомаҳорат барои иштирок дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. 

Дар мусобиқаҳои зикршуда донишҷȳёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ бо сару либоси ягонаи варзишӣ фаъолона ширкат варзида ғолибон дар охир муаян гарида, аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Аз намуди турниккашӣ

Ҷои якум: Сайфуллозода Бобоҷон- донишҷȳи курси 1, ихтисоси 240101
Ҷои дуюм: Саидзодаи Ҳайдар - донишҷȳи курси 1, ихтисоси 260202

Аз намуди вазнбардорӣ

Ҷои якум: Ғаниев Парвин - донишҷȳи курси 1, ихтисоси 240103

Ҷои дуюм: Ашуров Абдуҷаббор - донишҷȳи курси 1, ихтисоси 25010403

Аз намуди турниккашӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ҷаҳидан ба дарозӣ

Ҷои якум: дастаи факултети - МИБ ва ҳуқуқ
Ҷои дуюм: дастаи факултети- иқтисодиёт ва менеҷмент


Донишҷȳёне, ки дар рафти мусобиқаҳо байни факултетҳо иштироки фаъолона доштанд инҳоянд:

Шокиров Некрȳз- донишҷȳи курси 1, ихтисоси 260202
Гадоев Абдулфайз- донишҷȳи курси 1, ихтисоси 25010402

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top