Дастоварди навбатии ДДТТ дар соли 2017 «Соли ҷавонон»

Санаи 3.02.2017 дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти се озмуни ҷумҳуриявӣ: «Донишҷȳи беҳтарини сол-2016», «Таронаи донишҷȳи сол - 2016» ва «Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва раиси созмони ҷавонон дар соли-2016», ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисстон баргузор гардид, ҷмъбаст карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки озмуни «Донишҷȳи беҳтарини сол-2016» бо мақсади ҷалби нерȳи насли ҷавон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии давлатдории навин ва ҳимояи марзу буми Ватан, эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир, дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ нисбати насли ояндасози миллат дар байни кулли донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат доир гардид.
Дар озмуни мазкур донишҷȳи курси 3, ихтиссоси ҳуқуқи байналмилалии донишгоҳ Дилоева Мадина Неъматуллоевна фаъолона ширкат варзида ғолиби ҷойи аввал гардида бо диплому стипендияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисстон қадрдони шуд ва сазовори унвони «Донишҷȳи беҳтарини сол-2016» пазируфта шуд.


Озмуни «Таронаи донишҷȳи сол - 2016» бошад бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, ташаккул ва рушд додани санъат, фарҳангдȳстии ҷавонон, дарёфти сарояндагони ҷавон ва истеъдотҳои нав аз ҳисоби донишҷȳён, инчунин таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву рукнҳои давлатдории навин, дастгирю ҳавасмадсозӣ, ки дар асоси нақшаи ягонаи Шȳрои мудирони кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат баргузор гардид.
Дар ин озмун донишҷȳи курси 2, ихтисоси иқтисоди ҷаҳон Зайнаби Файзулло ширкат намуда, сазовори ҷои дуюм ва тȳҳфахои хотиравӣ гардид.


Даври чамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва раиси созмони ҷавонон-2016» натиҷагири карда шуд. Озмуни мазкур бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти шубаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, муайян намудани фаъолияти кории мудирони мазкур дар соли 2016, инчунин, дарёфти мудири беҳтарин, лаёкатманд соҳибмаърифат ва ташаббускор баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҳомидов Абдуалим Нарзиқулович иштирок намуда, ғолиби ҷойи аввал гардид.


Раёсат, аҳли устодону донишҷȳёни донишгоҳ иштирокчиёни ин озмунҳоро самимона табрику муборакбод намуда дар оянда ба онҳо комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top