Рушди соҳаи сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад”.
- Мо ин суханони Пешвои миллатро, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буд, сармашқи кори худ қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани гуфтаҳои Президенти маҳбубамон тамоми саъйи худро равона месозем. Кӯшиш мекунем, ки ҷаҳониёнро бо диёри бостонии худ-Тоҷикистон, ки бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст, боз ҳам аз наздик ва бо тамоми нозукиҳояш муаррифӣ намоем. Ҷои шубҳа нест, ки диёри мо бо кӯлу дарёҳои зебо, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахшаш дар дунё камназир мебошад. Бо назардошти ин ҳама зебоӣ бо итминони комил метавон гуфт, ки дар фурсати начандон дур шумораи сайёҳон ба кишвари маҳбуби мо беш аз пеш меафзояд-иброз дошт мудири шуъбаи кор ба ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдуалим Ҳомидов.


1 феврали соли 2017 як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар партави суханони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ доир ба соҳаи сайёҳӣ, ҳамчунин эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон ба Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» сафар намуданд. Абуалим Ҳомидов мудири шуъбаи кор ба ҷавонони донишгоҳи мазкур ҳадаф аз сафари худ ба ин мавзеъро чунин шарҳ дод: “Чуноне мо медонем, соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои фоидаовар ба иқтисодиёти давлат буда, рушди ҳар чӣ бештари он ба беҳ шудани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Бо мақсади иттилои бештар пайдо намудан ва аз наздик шиносонидани донишҷӯёне, ки дар ин самт таҳсил менамоянд, ба ин ҷо сафар намудем. Ҳамчунин бо назардошти оне, ки имсол аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардида аст, мо хостем, ба ин васила мутахассисони варзида дар соҳаи сайёҳӣ маҳз аз ҳисоби ҷавонон бошанд. Ва ин сафари мо дар корҳои амалии онҳо кумаки зиёд мерасонад”.


Маълум гардид, ки баъзе аз донишҷӯёне, ки то ҳол ин маконро надида буданд, динаи он орзуи ҳамешагиашон будааст. Баъди пурра аз надик шинос шудан ба ин мавзеъ фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи он иброз доштанд. Чуноне, Мадина Дилоева дониҷӯи ин донишгоҳ мегӯяд: “То замони худам ба ин маҷмаа омадану дидан кардан ҳамеша орзуи сайр ба ин гӯшаи туристӣ ва зебою фароғатии кишварамонро мекардам. Баъди тариқи оинаи нилгун боздид ба амал овардани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» тамошо кардан, ба ин макон мароқи бештар зоҳир намудам. Бешак ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳон ба кишвар ва умуман саёҳати шаҳрвандони кишвар ҷои хубу мусоид ва барои ҷавонони варзишгар варзишгоҳи деринтизор аст”. Ба гуфтаи Шаҳло Тӯраева бошад, “Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ «Сафед-Дара» баъд аз навсозию таъмир, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтааст. Фикр мекунам ин бебаҳотарин тӯҳфа барои ҷавнон дар Соли ҷавонон аст. Ва ҳар яки мо ҷавонон вазифадорем дар ҷавоб ба ин дастгириҳо барои рушди ду соҳа-варзиш ва туризм ҳиссагузорӣ намоем”. Азиза Шоева ба ин назар аст, ки “Баробари ба Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» омадан диққати маро нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал ҷалб кард. Вуҷуд доштани чунин нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ далодат аз он медиҳад, ки иншооти номбаршуда бо вуҷуди дар муддати кӯтоҳ бунёд гардиданаш, хушбахтона бо назардошти талаботи меҳмонону сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст”. Ба гуфтаи Муҳриддин Хайриддинов бошад, “Майдони бозиҳои рӯйи ях дар кишвари мо таҷрибаи нахустин мебошад. Ин имконият фароҳам меовард, ки дар оянда намуди бозиҳои зимистона дар мамлакат ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад”...


Ҳамин тариқ ҳар яки онҳо доир ба ин макони зебою диданӣ фикрҳои мухталиф доранд. Ин гурӯҳи донишҷӯёни ДДТТ тасмим доранд, ки дар Соли ҷавонон тамоми имкониятҳоро баҳри тарғиби мавзеҳои сайёҳӣ дар кишвар истифода баранд ва ба ин васила саҳми худро барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ гузоранд. Ҳамчунин аз ҳисоби донишгоҳ беҳтарин мутахассисони соҳаи сайёҳиро тайёр ва пешкаш намоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top