ДАСТОВАРДҲО АФЗУН МЕГАРДАНД

Дар нишасти матбуотие, ки рȳзи 12-уми январи соли ҷорӣ дар ДДТТ баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир дар назди намояндагони васоити ахбори омма, ки муаррифгари 17 рȳзномаю маҷалла ва шабакаҳои радиоию телевизионии кишвар буданд, аз хусуси бурду бохти донишгоҳ дар соли сипаришуда суханронӣ кард. Ректори донишгоҳ аз ҷумла қайд намуд, ки ҳайати устодону донишҷȳёни донишгоҳ соли 2016-ро бо комёбиҳои назарраси илмию тадқиқотӣ, омȳзгорӣ ва фарҳангию варзишӣ ҷамъбаст намуданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷȳи сол - 2016" сазовори ҷойи якум гардидани донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси 250103 Мадина Дилоева, сазовори ҷоиза гардидани донишгоҳ дар озмуни "Даҳгонаи беҳтарини макотиби олии Тоҷикистон -2016" аз рȳи номинатсияи Рақобатпазирии мутахассисон, ба ҷойи 3-юм мушарраф гардидани донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси 240101 Иброҳим Шомусаламов дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ, сазовори ҷойи 1-ум дониста шудани донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси 240103 - ҳуқуқи иқтисодии факултети МИБ ва ҳуқуқ Меҳрафрȳз Нуралиева дар озмуни "Донишҷȳ ва прогресси илмӣ-техникӣ-2016"    баёнгари гуфтаҳои болоянд.

Донишгоҳ аз рȳи 16 ихтисоси замонавӣ, ки 24 зерихтисоси ба талаботи бозори меҳнат заруриро дар бар мегирад, тибқи барномаҳои «Бакалавр», аз рȳи 11 ихтисос «Магистр», аспирантура, докторантура (доктор PhD) аз рȳи 5 ихтисос мутахассисон ва кормандони илмӣ- омȳзгориро тайёр мекунад.

Дар соли 2016 донишгоҳ бо ёздаҳ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба имзо намуда, дар самтҳои гуногун бо онҳо ҳамкорӣ доир намуд. Донишгоҳ асосан бо донишгоҳҳою муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои муштаракулманофеъ, Осиёи Марказӣ, Аврупо, Америка ва Осиё  ҳамкориҳои муштаракро пеш мебарад. Яке аз самтҳои ин ҳамкориҳо иртиботи самаранок ва гузаронидани чорабиниҳои якҷоя бо донишгоҳҳои системаи матлуботи  Россия, Белоруссия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон,  Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба шумор мераванд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз фаъолтарин иштирокчиёни барномаи ТЕМПУС ва Эрасмус Мундус, (ҳоло барномаи Эрасмус +) аст. Аз соли 2004 шурӯъ карда дар 6 лоиҳаи ТЕМПУС, 2 лоиҳаи Эрасмус Мундус ва 3 лоиҳаи Барномаи Эрасмус + ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ лоиҳаҳоро татбиқ намудааст.

Соли 2016 дар доираи барномаҳои табодули Эрасмус Мундус  ва Эрасмус+ 8 нафар донишҷӯён ва устодони донишгоҳ таҷриба омӯхтанд.

Дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳоло 12 нафар таҳсил карда истодаанд.

         Ректори донишгоҳ, инчунин дар хусуси вазифаҳои асосии раёсат ва аҳли устодону кормандони донишгоҳ барои соли 2017, ки 16 бандро дар бар мегирад, маълумот дод.

         Сипас, ба саволҳои додаи намояндагони васоити ахбори омма ректори донишгоҳ ва дигар шахсони мутасаддии сохторҳои донишгоҳ посухҳои қаноатбахш доданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top